Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони гуруснанишинии як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар Словакия


Амриддин Холмуродов
Амриддин Холмуродов

Амриддин Холмуродов, яке аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи даҳуми август дар Боздоштгоҳи Словакия гуруснанишинӣ кардааст. Холмуродов рӯзи 11-уми август дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ тасмимашро "эътироз аз бепарвоӣ ба қазияаш" донист.

Ӯ гуфт, "рӯзи якшанбе пулис омад. Сабаб пурсид. Гуфтам, маро бо туҳмат оварда, зиндонӣ кардед. На озодам мекунед ва на сабабашро шарҳ медиҳед. Ин рафтори шумо чӣ маъно дорад? Пулис гуфт, дар ин бора ба додситонӣ менависад."

Мунтақиди 38-солаи ҳукумати Тоҷикистон инчунин аз таъмин набуданаш "бо хӯроки дуруст" шикоят кард. Шарҳи мақомоти Словакия дастрас нест.

Амриддин Холмуродов пештар дар Украина мезист. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ҳангоми гузаштан аз сарҳади ин кишвар ба Словакия бо дархости Душанбе дастгир карданд. Баъд аз тақрибан ду сол, дар аввали соли 2024, раҳо гардид, вале ҳангоми убур аз сарҳади Олмон дигарбора боздошт шуд. Мақомоти Словакия ин шаҳрванди Тоҷикистонро "хатарнок ба амнияти кишвар" номиданд.

Додгоҳе дар Словакия рӯзи 19-уми январи имсол ӯро аз боздошт раҳо кард, аммо ба гуфтаи Холмуродов дар моҳи феврали соли 2025 дар вақти пешниҳоди дубораи ҳуҷҷатҳо барои паноҳандагӣ боз дастгираш карданд. Аз он замон вай дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Кошитсе аст.

Ивета Райтакова, вакили мудофеи Амриддин Холмуродов, моҳи феврали имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “намояндагони додгоҳ навиштанд, агар дар чанд рӯзи оянда шикояте аз пулис нарасад, озод карда мешавад. Мо талош дорем, вайро ба кишваре фиристанд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фиристода нашавад.”

Амриддин Холмуродов мегӯяд, давоми ним соли дар боздоштгоҳ буданаш дар бораи қазияаш ба ӯ чизе намегӯянд. Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба “барангехтани кинаю адовати динӣ”, “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам аст ва хеле барвақт Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир карда буд.

Амриддин Холмуродов дар гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Худаш дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як муддат бо ҷонибдорӣ аз “Гурӯҳи 24” камбудҳои ҳукуматро менавишт.

XS
SM
MD
LG