Рӯзи 9 август дар пойгоҳи "Фахробод", воқеъ дар ҷануби шаҳри Душанбе ва начандон дур аз марзи Афғонистон, машқҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон бо номи "Дӯстӣ-2", ба анҷом расид.
Шӯъбаи робитаи умумии артиши Покистон бо нашри хабарномае гуфт, ки ин размоиши шашрӯза, аз 4 то 9 август идома кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин размоиш ду дастаи ҷангии артиши Покистон ва чаҳор тими размии нерӯҳои вижаи Тоҷикистон, ширкат карданд.
Ҳадафи аслии ин тамрини муштарак, ислоҳи машқҳо, равияҳо ва тактикаҳои амалиёти зиддитеррористӣ аз тариқи омӯзиши муштарак ва тақвияти робитаҳои низомии ду кишвар, гуфта шудааст.
"Ҳама ҳадафҳои омӯзишӣ ва дипломатияи низомӣ амалӣ шуд. Нерӯҳои ҳар ду кишвар болотарин стандартҳои касбиро давоми ин размоиш ба намоиш гузоштанд",-омадааст дар хабарномаи Шӯъбаи робитаи умумии артиши Покистон.
Дар маросими поёнии ин размоиш, мақомоти низомии ду кишвар иштирок доштаанд.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои низомиаш бо созмону кишварҳои дигар, соле чанд бор дар машқҳои низомии муштарак иштирок мекунад.
Тоҷикистон ва Покистон аз ин қабл дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, дар чанд размоиши муштарак иштирок карда буданд.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Покистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва ҳар ду кишвар аз ҳузури гурӯҳҳои тундрав дар ҳамсоягии худ нигарон ҳастанд.
Дар пайи амалиётҳои ахири Таҳрики Толибони Покистон дар чанд моҳи ахир, даҳҳо нерӯи низомии Покистон кушта шуданд. Мақомот дар Исломобод ҳукумати Толибонро ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳ, муттаҳам мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам бо гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон чандон робитаи гарм надоранд ва ҳузури гурӯҳҳое чун "Ансоруллоҳ" дар Афғонистон, ки зодагони Тоҷикистонро дар худ ҷамъ овардааст, бар нигарониҳои амниятии Душанбе афзудааст.