Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳама маҳбусони бемор дар зиндонҳои кишвар ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Изҳороти Музаффар Ашӯриён дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта аз бад шудани вазъи саломати наздикони зиндонияшон шикоят доранд.
Мавзӯи бад будани саломатии баъзе чеҳраҳои шинохта дар зиндон рӯзи 7-уми август дар нишасти хабарии Вазорати адлия садо дод. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз вазир дар бораи вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, Аҳмадшо Комилзода ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пурсиданд.
Музаффар Ашӯриён дар бораи вазъи саломатии чеҳраҳои шинохта ба таври мушаххас чизе нагуфт. Танҳо гуфт, беморхонае, ки дар сохтори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аст, ба ҳама маҳкумшудагон ёрии тиббӣ мерасонад.
"Агар ниёз ба табибоне бошад, ки дар ҳайати муассисаи тиббии вазорат нест, аз берун оварда мешаванд. Тамоми чораҳоро барои беҳтар кардан, даво бахшидани беморӣ меандешанд. То имрӯз ягон нафар аз таваҷҷуҳ дур намондааст”, - афзуд вазири адлия.
Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон
"Ӯро хуб табобат накарданд"
Пайвандони баъзе аз зиндониён дар ин мавзуъ назари дигар доранд. Аз ҷумла, наздикони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯянд, ӯ дар зиндон ҳоли вазнин дорад.
Онҳо дар охири моҳи июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Одинаев аз роҳ рафтан монда, аз дарди сутунмуҳра ва фишорбаландӣ азият мекашад. Моҳи июл чанд муддат дар бемористони зиндон бистарӣ будааст, вале ба гуфтаи пайвандонаш, табобати зарурӣ надидааст.
"Дар беморхонаи зиндон ӯро хуб табобат накарданд. Мо пизишки худамонро бурдем, қабул накарданд. Пешоб азобаш медиҳад, боз бемории сахти сутунмуҳра ва фишори хун дорад,” - гуфт яке аз наздикони Одинаев.
Маҳмурод Одинаев. Акс аз бойгонӣ
Аз аввали имсол марги камаш се нафар аз зиндониён расонаӣ шуд. Инҳо Музаффар Давлатмиров, халифа ё рӯҳонии муътабари мазҳаби исмоилия дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Қулмамад Паллаев, фаъоли маданӣ аз ин минтақа ва Аслан Гулобов буданд. Расонаҳои марбут ба мухолифин марги онҳоро натиҷаи дарёфт накардани табобати саривақтӣ дар зиндон гуфтанд.
Хонаводаи Толиб Айёмбеков, фармондеҳи собиқи нерӯҳои марзбонӣ ҳам дар охири моҳи июни имсол гуфтанд, ӯ ба бемории сахти илтиҳоби шуш гирифтор шуда, дар шифохонаи зиндон бистарӣ шудааст. Наздиконаш дар бораи аҳволи Айёмбеков маълумот надоштаанд.
Дарёфти иттилои алтернативӣ аз вазъи зиндониён дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Хабарнигорони мустақил имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд.
Ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен, соли 2024 47 маҳкумшуда “бинобар бемории вазнин аз адои ҷазо озод карда шудаанд.” Тибқи иттилои расмӣ, дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор кас адои ҷазо мекунанд.