Бузургтарин полоишгоҳи оби рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо кӯмаки молии Бонки Осиёии Рушд сохта шуда, масоҳати он 36 гектарро ташкил медиҳад.
Дар чанд соли охир беш аз 20 мутахассиси варзидаи фановариҳои иттилоотӣ (IT), Тоҷикистонро тарк карда, дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Узбекстони ҳамсоя, муқим шудаанд. Ин дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон ба чунин кадрҳо ниёзи шадид дорад.
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндонҳои кишвар ба ҳама маҳбусони бемор ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Изҳороти Музаффар Ашӯриён дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз чеҳраҳои шинохта аз бад шудани вазъи саломати наздиконашон дар зиндон шикоят доранд.
Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар шудаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.
Чанд шаҳрванди Чин ва Афғонистон бо гумони ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Хатлон) боздошт шудаанд. Додситони ноҳия гуфт, ин афрод дар соҳилҳои рӯди Панҷ заршӯйӣ мекарданд.
Шуморе аз гумонбарони тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифои Тоҷикистон зиндонӣ шуда, дигарон раҳо гаштаанд.
Хона, мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва як рӯзноманигори зиндониро дар Тоҷикистон мусодира кардаанд. Ин афрод ним сол пеш дар доираи парвандаи “табаддулот”, ки махфӣ баррасӣ шуд ва суолҳои зиёдеро бепосух монд, аз ҳашт то бисту ҳафт сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, аз ҷумла “Гурӯҳи 24”, мақомотро ба ҳимояи нокофӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва cукут дар баробари озору азияти онҳо дар Русия танқид карданд. Вазири кору муҳоҷират, Омбудсмен ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон интиқодҳоро ғайривоқеӣ донистанд.
Дар ҳоле ки ҳукумат ва бисёре аз мансабдорони Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, як намояндаи Вазорати нақлиёт дар Суғд ба ихтиёри кадом тараф гузаштани чанд қитъаҳои роҳи минтақаро шарҳ дод.
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муҳлати барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро то моҳи июни соли 2027 дароз кард. Намояндагони додгоҳ гуфтанд, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи бонкро фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд.
Як гурӯҳ аз намояндагони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ҷунбиши наверо таъсис додаанд. Раёсати “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро Муҳаммадиқболи Садриддин, мунтақиди тундлаҳни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонзад аст.
Ёфтҳои бештар