Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Трамп: Ҳар гуна созиш ҳам Маскав ва ҳам Киевро "норозӣ" хоҳад гузошт


Ҷеймс Дейвид Ванс
Ҷеймс Дейвид Ванс

Муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, гуфтушуниди байни Русия ва Украина барои поён додан ба ҷанг ғолибан ҳеч яке аз тарафҳоро қонеъ нахоҳад кард ва ҳар гуна созиши сулҳ ба эҳтимоли ғолиб ҳам Маскав ва ҳам Киевро “норозӣ” хоҳад гузошт.

Ҷеймс Дейвид Ванс дар ин бора рӯзи 8-уми август зимни мусоҳиба бо телевизиони амрикоии Фокс Нюс суҳбат кард ва афзуд, ҳадафи Амрико пайдо кардани роҳи ҳаллест, ки ду тараф бипазиранд.

“Мо саъй дорем, роҳи ҳаллеро ёбем, ки украиниҳову русҳо бипазиранд ва дар як сулҳи нисбӣ зиндагӣ кунанд ва куштор бас шавад. Ин роҳ ҳеч касро фавқулода розӣ намекунад. Вале дар ниҳоят русҳо ва украиниҳо ғолибан аз он хушҳол мешаванд. Ба назари ман, чунин музокирот бе раҳбарии Доналд Трамп номумкин аст,” – илова кард ӯ.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, ки рӯзи 15-уми август дар аёлати Аляска бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина гуфтугӯ мекунад.

Ӯ афзуд, Русияву Украина ба як созиши оташбасе, ки ба ҷанги севунимсолаи онҳо поён бидиҳад, наздик шудаанд, вале барои ин Украина эҳтимолан бояд аз қаламравҳои зиёди худ даст кашад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 9-уми август, гуфт, кишвараш талаботи Қонуни асосиро дар бораи тамомияти арзӣ зери по намекунад ва “украиниҳо замини худро ба ишғолгарон ҳадя намедиҳанд.”

Ноиби Трамп: Маскав ва Киев "норозӣ" хоҳанд монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, низ даъват кард, ки ҳамагуна созиш миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи поёни ҷанг дар Украина бояд мавқеи Киев ва Иттиҳоди Аврупоро дар назар гирад.

Каллас рӯзи 10-уми август гуфт, “Иёлоти Муттаҳида қудрат дорад, ки Русияро барои гуфтушуниди ҷиддӣ водор кунад. Вале ҳама гуна созиш миёни Амрико ва Русия бояд Украина ва Иттиҳоди Аврупоро ҳам фаро гирад, чун ин масъала ба амнияти Украина ва Аврупо пайванд дорад.”

Ҷеймс Дейвид Ванс ҳамчунин гуфт, Амрико барои баргузор кардани музокироти сеҷониба байни Трамп, Зеленский ва Путин кор мекунад, вале ба андешаи ӯ гуфтугуи Путин бо Зеленский пеш аз мулоқот бо Трамп созанда нахоҳад буд.

Як мақоми Кохи Сафед рӯзи шанбе гуфт, ки Доналд Трамп мухолифи мулоқоти сеҷониба нест, аммо ҳоло ҳукумат гуфтушуниди дуҷонибаро барномарезӣ мекунад, чун Путин ингуна тақозо кардааст.

XS
SM
MD
LG